Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР АЗ СОХТМОНИ МАКТАБИ НАВ ВА ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ШАҲРАКИ ШАРОРА

Ҳанӯз, 27 декабри соли 2024 раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар мавзеи Ӯртабузи Ҷамоати шаҳраки Шарора бо иштироки пиру барнои маҳалла ба сохтмони бинои мактаби нав оғоз бахшида, ба сохтмончиён таҳти сарварии соҳибкор Муҳаммадалӣ Норбеков, ки ташаббускори иқдом мебошад, барори кор орзу намуда буданд ва сохтмончиён азм карда буданд, ки бинои мактабро дар оғози соли нави хониши 2025-2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод.
Шоми имрӯз раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва масъулони бахши сохтмони МИҲД-и шаҳр дар доираи сафари корӣ ба шаҳраки Шарора, аз рафти сохтмон дидан карда, шоҳиди ба қавли худ устувор будани сохтмончиён гардиданд ва ба суръату сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, изҳори сипос намуданд.
Бинои мактаб, ки барои зиёда аз 700 хонанда, дар се ошёна бунёд меёбад алаккай қомат афрохта, бегумон дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Раиси шаҳр, ҳамчунин аз рафти мумфаршкунии роҳи Ҳисор- Шарора- Чимтеппа боздид намуд ва бо дигар корҳои ободонӣ дар шафати роҳ, аз қабили бетонпӯш кардани ду шафати роҳ, рангубори дару девори сокинони маҳалла, ки дар шафати роҳ қарор доранд, шинос гардид ва ба роҳсозон ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои таъмиру тармим дар минтақаи роҳи мазкур, тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.