3 июни соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Салимзода Амонулло ба шаҳри Ҳисор бо сафари корӣ ташриф оварда бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр бо фаъолияти кишоварзони шаҳр дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва таълимию таҷрибавӣ шинос гардиданд.
Сафари ҳайат дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии таҷрибавии “Сумбула” оғоз гардида, дар саҳрои хоҷагӣ аз парвариши ниҳолҳои нодире, ки аз хориҷи кишвар ворид шудааст ва қаламчаи ток дидан карданд. Тавре, ба мушоҳида расид роҳбарияти хоҷагӣ дар парвариши ниҳолҳо фориғболӣ зоҳир кардаанд, ки ба хушк шудани қисме аз ниҳолҳо боис гардидааст. Бинобар, ба роҳбарият ва мутахассисони хоҷагӣ ҷиҳати ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ҳамзамон таъкид доштанд, ки хоҷагиҳое, ки фаъолияташон таҳти назорати олимон қарор дорад, бояд намунаи ибрат бошанд.
Вазири кишоварзӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар идомаи сафар дар Ҷамоати шаҳраки Шарора бо фаъолияти чорводорони хоҷагии “Зироаткорӣ”, чобуқу ғизодиҳии майдони пахтазори бригадаҳои хоҷагии мазкур, дар Ҷамоати деҳоти Дурбат бо ҳолати парвариши пахта, картошка ва гандуми хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор” ва дар КВТТ “Ҳисор” бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пиёз, паровариши себ дар боғи интенсивӣ ва фаъолияти чорводорон дар фермаи хоҷагӣ, дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бошад бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии “Искич” дар самти боғдорию токпарварӣ ва ниҳолпарварӣ шинос гардида, бо мутахассисони соҳа ва деҳқонон суҳбати озоди сарироҳӣ анҷом доданд ва вобаста ба ҳолати нигаронкунандаи корҳои кишоварзӣ, риоя нагардидани агротехникаи парвариши ниҳолу зироатҳо дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавӣ, ки таҳти назорати олимони соҳа, бахусус, аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қарор доранд, тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.





