Дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар бо мусоидати раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар арафаи Иди Қурбон ҷиҳати дастгирии иҷтимоии беморону кормандони хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳри Ҳисор, устодону шогирдон ва кормандони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ва мактаб-интернати бачагони сустбини шаҳри Ҳисор ба ин муассисаҳо маводи хӯрокаи талаботи аваллия дастрас карда шуд.
