Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

7 июли соли равон таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати навбатии назоратӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр аҳли маҷлисро бо тағйироти кадрӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгорӣ” дар шаҳри Ҳисор – бо фармоиши Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2025, таъйин шудани Сафарзода Иброҳим Исмоил ба вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор” ва шарҳи ҳоли ӯ шинос карда, кадри ҷавонро муборакбод гуфт ва дар иҷрои вазифаи пурмасъул-таълиму тарбияи ҷавонон дар роҳи донишозӣ барору муваффақият таманно намуд.
Дар идомаи машварат, муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколии машваратҳои қаблӣ гузориш доданд. Аз ҷумла, муовини якум, ҳамзамон раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳр Каримзода Сироҷиддин дар бораи рафти сафарбарии ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мдадгори мудофиа, муовинони соҳавии раиси шаҳр оиди омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2025 – иҷрои нақшаи нақшаи андоз, пешгирӣ аз савдои кӯчагӣ, фаъолияти соҳаҳои саноат, бахусус, дар самти дӯхти либоси мактабӣ, сохтмон, аз ҷумла иншооти ҷашнӣ, фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, ҷамъоварии ҳосили зироат ва мевагиҳо, ҷобаҷогузорӣ ва кишти такрории зироатҳо дар майдонҳои холишуда, ва омодагӣ ба ҷамъбасти нимсолаи якум гузориши муфассал доданд.
Носирзода Ҷаббор дар робита ба низоми барқу обрасонӣ, аз ҷумла оби полезӣ ва баровардани партов дар шаҳр, роҳбарони муассисаҳои мазкурро пурсиш карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулинро мушаххас вазифагузорӣ намуд.