Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН ВА ЗЕРГУРӮҲҲОИ КОРӢ ДАР ШАҲРАКИ ШАРОРА

Субҳи 3 июл раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора, дар самти чорводорӣ парвариши зироати пахта, кишти такрории зироатҳо бо иштироки муовини соҳавӣ, роҳбарият ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр, кормандони масъули дастгоҳи ҷамоат, Кумитаи идораи замин, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Институти зироаткорӣ аз Хоҷагии таҷрибавии “Зироаткорӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва якчанд хоҷагиҳои иҷоравӣ боздид карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз 3 июни соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Салимзода Амонулло, раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва ду рӯз қабл низ, раиси шаҳр такроран ба хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоат ташриф оварда вобаста ба нигоҳубини чорво, ширҷӯшӣ, парвариш ва коркарди агротехникаи зироати пахта, шудгори заминҳои холишуда ва омодагӣ ба кишти такрории зироатҳо ба масъулини хоҷагӣ дастуру супориш дода буданд ва сафари навбатӣ дар робита ба назорати иҷрои супоришҳои қаблӣ доир карда шуд.
Раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳон бо рафти парвариши пахта ва кишти такрории зироатҳо дар якчанд қитъаҳои замини хоҷагӣ шинос гардида, дар сари замин бо мутахассисону деҳқонон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳое, ки аснои сафарҳо ба назар расида буд, маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар идомаи сафари корӣ, раиси шаҳр ба корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар ҷамоат таваҷҷӯҳ карда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 141 бо рафти сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассиса шинос гардиданд.