Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОИИ КИШОВАРЗОН ДАР ҶАМОАТҲО

Субҳи 11 июли соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо корҳои саҳроии кишоварзӣ, бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр, раисони ҷамоат ва кормандони масъули дастгоҳи ҷамоатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи идораи замин, Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр, ба ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Мирзо Ризо ва ба номи Мирзо Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд.
Ҳайат дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ба номи “Ҳайдар Миров”, “Идибек”, “Кишоварз 2007”, “Ҳоҷӣ Музаффар”, “Ҳоҷӣ Турдиалӣ”, Адиба 1999”-и Ҷамоати деҳоти Навобод ва якчанд хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамаоатҳои деҳоти Мирзо Ризо ва ба номи Мирзо Турсунзода бо рафти парвариш ва коркарди агротехникии ниҳоли пахта, ҷамъоварии картошка ва дигар полезию сабзавот, рафти кишти такрории зироатҳо шинос гардиданд.
Дар рафти сафари корӣ раиси шаҳр дар саҳро – сари замини хоҷагиҳо бо масъулон ва деҳқонон суҳбат ороста, оид ба усулҳои парвариш ва мубориза бо касалиҳои растанӣ, инчунин, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми сафари корӣ, раиси шаҳр ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Шарофат”, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор таваҷҷӯҳ карда, бо шароити кории дӯзандаҳо ва ҳаҷм, сатҳу сифати дӯхти сарулибоси мактабӣ шинос гардид. Барои таъмини саривақтии хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либоси ягонаи мактабӣ, ба масъулини корхона маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.