Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН,

12 июли соли равон, дар рӯзи қабули раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор 21 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои мусоидат намудан ба сохтмони иншооти соҳаи маориф, гирифтани замини наздиҳавлигӣ, ҳалли баҳси замин, табобат ва бунёди манзили истиқоматӣ, кӯмакҳои иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти рӯзгор муроҷиат карданд.
Раиси шаҳр ҷиҳати баррасӣ намудани мушкилоти шаҳрвандон ба муовинон ва масъулони соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои сари вақт ҷавоб гардонидан ба муроҷиати шаҳрвандон муваззаф намуд.