Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ СОХТМОН ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Шоми имрӯз, 14 июл раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият бо рафти сохтмон дар якчанд иншооти ҷашнӣ дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти Сомон, ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҳисор, ки ифтитоҳи онҳо дар соли 2025, дар арафаи ҷашнҳои умумимиллӣ дар назар дошта шудааст, шинос гардиданд.
Ҳамчунин, дар бозгашт ба омодагии кишоварзон ба кишти такрории зироатҳо таваҷҷӯҳ карда, аз майдонҳои кишти такрории зироатҳо дар ҶДММ “50-солагии Октябр” боздид карданд.