Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 41 деҳаву маҳалла сохтмони синфхона, биноҳои иловагии мактаб ва мактаби нав ҷараён дорад.
Ҷамоатҳои шаҳраки Шарора (дар 5 маҳалла), деҳоти Ҳисор (4 деҳа), Алмосӣ (6 деҳа) Навобод (5 деҳа) дар ин самт пешсаф мебошанд.
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии корхонаҳои истеҳсоли хишт ба муассисаҳо алаккай 330 ҳазор дона хишти сохтмон дастрас гардида, иқдоми мазкур минбаъд низ, ба таври муташаккил идома дода мешавад.
Дар мавриди ба истифода дода шудани иншооти мазкур, дар 173 синфхона барои зиёда аз 8600 нафар хонанда ҷойи нишаст дар ду баст, муҳайё хоҳад гардид.
Аксҳо аз ҷарайёни сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот.

