Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 15 июли соли равон таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр, ҳамзамон, сардори Ситоди зимистонгузаронӣ дар шаҳр Каримзода Сироҷиддин ҷаласаи навбатии Ситод «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» баргузор гардид.
Мудири шуъбаи иқтисод савдо ва мониторинг, котиби Ситод Абдураҳмон Раҳмонзода оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои тирамоҳ ва зимистони солҳои 2025-2026 гузориш дода, аз ҷумла дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати захира намудани маводи асосии ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз картошка, меваю сабзавот, консерваҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ шаҳр дар тирамоҳу зимистон маълумот дод.
Ҳамчунин, мавсуф оид ба захираи хӯроки чорво, омода намудани хатҳои интиқоли барқ, техникаҳои муҳими роҳдорӣ ва маводи зиди лағжиш, захираи ангишту дигар маводи сӯхт дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиш, захираи меваю сабзавот дар сардхонаҳо бо нишон додани рақамҳо шарҳу эзоҳ дода, бо таҳлилҳои дақиқ аз омодагии муассисаҳое ном гирифт, ки дар ин раванд камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир кардаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа сардори Ситод бо назардошти вазъи воқеии омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолият дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор ва роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва роҳбарони сохторҳои мақомоти давлатиро вазифагузорӣ намуд.

