Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР ДАР ШАШМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

16 июли соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси васеи корӣ баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлис муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони воҳидҳои сохтории МИҲД-и шаҳр, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва васоити ахбои омма иштирок доштанд.

Пас аз эълони рӯзнома ва қабули регламенти маҷлис муовини раиси шаҳр Хайриддин Нурализода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2025 маърӯза карда, натиҷаҳои ба даст омада ва мушилоти соҳаҳоро дар ин давра, тибқи таҳлилҳо шарҳу тавзеҳ дод.

Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба маблағи 2 млрд, 276,1 млн. сомонӣ ва суръати рушд 113 фоиз таъмин гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 209,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин нишондод дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 106,9 фоиз, кишоварзӣ 107,5 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 159,3 фоиз, гардиши савдо107,3 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонӣ 112,6 фоизро ташкил додааст.

Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 186 млн. 642,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет зиёда аз 195 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва 9,3 млн сомонӣ нисбати нақшаи пешбинишуда, зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 103,1 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақша 4,3 млн. сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 110,2 фоиз, ё нисбат ба нақша зиёда аз 5 млн. сомонӣ таъмин шудааст.

Бақияи қарзи андоз бошад, зиёда аз 9 млн. сомониро ташкил додааст.

Раиси шаҳр, дар идома вобаста ба фаъолият ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мувинони сарпарасти соҳаҳоро пурсиш карда, ҳамчунин, ба рафти татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026, иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуд.

Ҳамчунин, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шашмоҳаи аввали соли 2025 устувор маънидод намуд ва вобаста ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолият, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ, барҳам додани бақияпулиҳои андоз, рушди соҳибкорӣ, фаъолияти пурсамари бонкҳо, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ва фарҳангу варзиш, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ ва дарёфти манбаҳои иловагию алтернативии он, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ ва ҳамин монанд амалҳои ба давлату ҷомеа хатарнок бо ироаи якчанд тавсияву пешниҳодҳо, вазифагузорӣ намуд.

Дар ҷамъбасти маҷлис раиси шаҳр суханронӣ карда, вобаста ба ҳалли масъалаҳое, ки дар давоми шашмоҳаи якуми соли равон тибқи талабот таъмин нагардидаанд, ба муовини якум, муовинони соҳавӣ, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои марбута вазифагузорӣ намуд.