Бо иқдоми роҳбарияти шаҳри Ҳисор, бо мақсади ободониву поккорӣ дар хатсайри сайёҳону меҳмононе, ки ба шаҳр ташриф меоранд, хоса шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ва самти осоишгоҳҳои воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ – “Шоҳамбарӣ”, “Сатурн”, Сангчашма” ва ғайра сокинони шаҳр рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромаданд.
Ҳашарчиён дар минтақаҳои вобасташуда корҳои зиёди ободониро ба субут расониданд ва дар поккории муҳити зист саҳми арзишманд гузошта, ҳамзамон, садоқати самимии хешро ҷиҳати дӯстдории диёр собит намуданд.
Ҳашарчиён тасмим доранд имрӯз-якшанбе низ, корҳои ободониро идома бахшанд.

