25 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи Иҷлосияро иборат аз панҷ масъала – пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Ҷалолобод”, №35, таъйин намудани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Ҷалолобод”, №35, ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, ворид намудани тағйирот ба қисми хароҷоти буҷети шаҳри Ҳисор дар ҳафт моҳи соли 2025 ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявиро қабул ва мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вакилон дар фарҷоми иҷлосия, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори раиси шаҳрро қабул намуданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи чоруми МВХ-и шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.

