31 июли соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ноибони Президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиевро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳр бо намояндагони ФФТ оид ба масъалаҳои рушди варзиш, бахусус футбол суҳбат ороста, масъалаҳои омодагии “Варзишгоҳи марказӣ” барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳолати омодагии варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва дигар толору варзишгоҳоро, ки барои бозиҳои футболи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, намояндагони ФФТ аз варзишгоҳҳои мавриди назари хеш дидан карда, бо корҳои анҷомёфта дар самти таъмиру тармими онҳо шинос гардиданд ва вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар варзишгоҳҳо, бо масъулин мувофиқа намуданд.

