9 августи соли равон бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар толори МИҲД-и шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, собиқадорони варзиш ва ҷавонону наврасони варзишгар чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардид.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор аз дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушду нумуи варзиш ёдовар гардид.
Ҳамчунин, афзуд, ки аҳолӣ ва соҳибкорони банангу номуси шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёд намудани 66 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 26 толор, 31 майдончаи варзишӣ, 4 толори саққозанӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва як Маркази хизматрасонӣ барои ҷавононро ба нақша гирифтаанд ва бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Иброз гардид, ки бо тавсияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ варзишгоҳи “Марказӣ”-и шаҳр ва варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр, ба маблағи беш аз 250 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуда, сабзазори он аз нав коркард ва инфрасохтори дохили варзишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ гардонида шуд. Инчунин, ба маблағи 180 ҳазор сомон намолавҳаи электронӣ насб карда, барои азанавсозии майдони сабазазор, ҷойи захиравии бозингарон насби шиору овезаҳо дар умум 201,5 ҳазор сомонӣ масраф гардида, айни ҳол, корҳо дар самти насби нурафканҳои пуриқтидор идома дорад.
Заҳмату талошҳои пайвастаи варзишгарону мураббиҳои онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, сол то сол дастовардҳо афзун мегардад. Варзишгарон дар риштаҳои гуногуни варзиш дар соли 2024 1490 медал, аз ҷумла 691 медали тилло, 431 медали нуқра ва 368 медали биринҷӣ ва дар ҳафт моҳи соли 2025 дар умум 730 медал: аз он 346 медали тилло, 214 медали нуқра ва 170 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар фарҷом Роҳбари шаҳр иштирокчиёни чорабинӣ, собиқадорони варзиш ва варзишгарони ҷавону наврасро ба муносибати ҷашни фархундаи варзиш муборакбод гуфт ва ба якчанд собиқадорон ва варзишгарони муввафақе, ки ғолибият ба даст оварда, дар варзишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон Парчами Тоҷикистонро барафрохтанд, бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонид.



