Дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор даври сеюми озмуни ҷуумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар назди китобхона бо иштироки ҳайати Комиссия ва аъзои озмун, ки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маориф, фарҳанг, иқтисод ва молия, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, бахшҳои кор бо ҷамонон ва варзишши шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод, шомил мебошанд, ҳамчунин, ҳайати раёсат ва аъзои ҳакамони озмун, довталабон ва устодону падару модарон чорабинии ифтитоҳӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор, ҳамзамон котиби комиссияи озмун Бунафша Юлдошзода бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва паёми раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси Комиссияи даври минтақавии озмун Носирзода Ҷабборро манзури ҳозирин намуд.
Сипас, аз ҷониби ҳакамон омодагӣ, донишу маҳорати сухангӯии довталабон аз шаҳрҳои Роғун ва Ҳисор дар номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон санҷиш шуданд.
Озмун то 14 августи соли равон идома ёфта, рӯзҳои минбаъда довталабон аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода Файзобод, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав омодагии хешро тибқи талабот пешниҳоди ҳакамони озмун менамоянд.
Барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ ва озоду шаффоф баргузор гардидани озмун, шаҳрдорӣ тамоми имконияту шароитҳоро фароҳам овардааст. Дар толори алоҳида, падару модарони довталабон тариқи монитор рафти озмун ва баромади фарзандонашонро озодона назорат ва тамошо менамоянд.



