Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ-КАФИЛИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ”

13 августи соли равон, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ибтикори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии онҳо бо иштироки кормандони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои мазкур дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор зимни суханронии муқаддимавӣ сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор подполковники адлия Файзализода Исматулло Сабзалӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои болозикр ва меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, ба кори Конференсия муваффақият таманно намуд.
Бо садо додани Суруди миллӣ, таҳти раёсати Файзализода Исматулло Сабзалӣ Конференсия ба кори худ шурӯъ кард.
Нахуст, Файзализода Исматулло Сабзалӣ суханронӣ карда, аз якчанд ҳолатҳои коррупсионии рухдода дар соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои марбута ёдовар шуд ва якчанд омилҳои ба қонуншиканиҳо мусоидаткунанда дар ин самт ва роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсиониро бо мисолҳои мушаххас шарҳу эзоҳ дод.
Дар идомаи Конференсия муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустӣ-омили рушди соҳа”, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Илҳом Қараев дар мавзӯи “Муқовимат бо коррупсия-амали дастҷамъона”, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав Шавкат Дӯстов дар мавзӯи “Пешгирии омилҳои коррупсионӣ асоси солимии ҷомеа” ва директори муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода Исматзода Сулаймон дар мавзӯи “Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа” маърӯза намуданд.
Дар қисми амалии Конференсия, тариқи монитор якчанд наворҳои таблиғотии пешгирикунанда вобаста ба порадиҳию порагирӣ ва дигар кирдорҳои коррупсионӣ, нақши аҳли ҷомеа, хоса кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин раванд намоиш дода шуд.
Дар интиҳо Файзализода Исматулло Сабзалӣ кори Конференсияро ҷамъбаст карда, кормандони соҳаи тандурустиро бо иди касбиашон, ки 18 август таҷлил мегардад, муборакбод гуфт ва дар иҷрои рисолати касбӣ, кори боифтихору пурмасъулият барору комёбӣ таманно намуд.
Бо садо додани Суруди миллӣ Конференсия ба кори худ анҷом бахшид.