14 августи соли равон раиси шаҳри Ҳисор, раиси Комиссияи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Носирзода Ҷаббор ба китобхонаи марказии шаҳр ташриф оварда бо ҷараёни баргузории озмун шинос гардид.
Носирзода Ҷаббор аз утоқҳое, ки аз рӯи номинатсияҳои «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ва «Адабиёти ҷаҳон» санҷиши довталабон баргузор мегардид, инчунин ҳуҷраи тиббӣ ва тадорукоти озмун дидан карда, бо ҳакамон, довталабон, устодон ва падару модарон суҳбат намуд. Ҳамзамон, афзуд, ки барои озоду шаффоф баргузор гардидани озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тамоми чораҳоро андешида, шароити хуб фароҳам овардааст.
Раиси шаҳр, ҳамчун раиси комиссияи озмун дар якчанд утоқҳое, ки довталабон санҷиш мешуданд иштирок карда, ба донишу суханварии онҳо гӯш дод ва аз муносибати мунсифонаи ҳакамони озмун нисбати довталабон, бо қаноатмандӣ сипосгузорӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар даври сеюми озмуни мазкур 443 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

