Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАБИБОН

18 августи соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи табибон ва зодрӯзи алома Абӯалӣ ибни Сино чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҳифзи сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, соҳаи тандурустӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо маром рушд мекунад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмати кормандони соҳаи тандурустӣ, дар мамлакат ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди мавлуди бузургтарин чеҳраи илм – яке аз аввалин поягузорони илми тиб дар олам Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад.
Раиси шаҳр зимни суханронӣ аз таърихи тибби шаҳр ёдовар шуда иброз дошт, ки, ҳанӯз аз гузаштаҳои дур дар ин мулки дорои тамаддуни қадима донишмандону табибони халқии номдор фаъолият намуда, мардумро ба воситаи қасидахониву гиёҳу алафҳои шифобахш ва малҳамҳои гуногун даво мебахшиданд. Зиёд тибони халқӣ авлод ба авлод мероси касби табибӣ гирифта, ба маризону корафтодагон бо истифода аз таҷрибаи зиндагӣ, худомӯзӣ бо усулҳои маъмулии бобоӣ-гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, хунгирӣ ва ғайра дар табобати одамон байни мардум шуҳратёр гардида буданд.
Дар идомаи суханронӣ, раиси шаҳр афзуд, ки солҳои бистуми асри гузашта барои табобати мардум аз бемориҳои сироятӣ таҳти роҳбарии академик Павловский экспедитсияи махсуси тиббӣ дар Ҳисор фаъолият бурдааст. Аввалин нуқтаҳои тиббӣ ва дармонгоҳ дар атрофи Қалъаи Ҳисор, Чаманистони деҳоти Сомон ташкил шуда, соли 1934 дар ноҳия беморхонаи ноҳиявӣ барои 25 кат ва соли 1960 беморхонаи марказӣ, ки айни ҳол фаъолият дорад бо шумули якчанд шуъбаҳои зарурӣ, ифтитоҳ ёфтааст.
Айни замон дар шаҳри Ҳисор 114 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ мавҷуданд ва наздик ба 2500 нафар кормандони соҳа содиқона фаъолият менамоянд. Беморхонаи нав, ки бо 205 кат сохтмонаш идома дорад дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои даҳҳо нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолият дар шаҳр бунёди 44 муассисаи соҳаи тандурустӣ дар назар дошта шуда, то имрӯз 13 иншоот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва имрӯз бахшида ба Рӯзи табибон 2 иншоот дар деҳаҳои Ҳосилот ва Ҳофизкадаи ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Ризо ва Алмосӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар фарҷоми сухан, раиси шаҳр табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат, дар рӯзгор файзу баракат ва дар иҷрои рисолати инсондӯстонаи касбиашон комёбиҳои беназир таманно намуд.
Сипас, Носирзода Ҷаббор дар фазои тантанавӣ ба як қатор табибони собиқадор ва кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳр нишон ва шаҳодатномаи “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва “Сипоснома”- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро иборат аз дастагули шеъру тарона ва рақсҳои дилошуб пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.