19 августи соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод ташриф овард ва дар деҳаи Ситора бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии мактаб, ки бо дастгирии МИҲД-и шаҳр, аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд меёбад, шинос гардид.
Тибқи лоиҳа бино дар ду ошёна бо 12 синфхона сохта шуда, барои 640 хонанда дар ду баст имконияти таҳсил фароҳам оварда мешавад ва дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Итиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Айни ҳол, корҳо дар таҳхонаи бино аҷом ёфта, сохтмончиён ба хиштчинии ошёнаи якум оғоз намудаанд.

