Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҲАЛЛАИ НАВБУНЁД СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ГАРДИД

Муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, дар маҳаллаи навбунёди Ҳосилот бинои бунгоҳи нави тиббиро, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд ёфта, ба мардуми деҳот дар Рӯзи табибон туҳфа гардид. Он аз ҳуҷраҳои қабул, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо ва табиби оилавӣ иборат буда, ба сокинони деҳаи Ҳосилот ва атрофи он, ки зиёда аз 2500 нафар аҳолиро дар бар мегирад, хизматрасонӣ менамояд.
Муовини раиси шаҳр дар идомаи сафар ба беморхонаи №1 ташриф оварда, бо иштироки кормандони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо табибону кормандони муассисаро ба Рӯзи табибон табрику таҳният гуфт ва ба якчанд нафар кормандон барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷаъиятиву ободонии диёр ва ба муносибати Рӯзи табибон бо “Сипоснома”-и ҷамоат сарфароз гардонид.