22 августи соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин ва собиқадорону доираи васеи омӯзгорони шаҳр машварати умумишаҳрии августии омӯзгорон баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ, дар боғи фарҳангию фароғатӣ, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр намоиши дастовардҳои хешро ташкил карда, намунаҳои ҳунарҳои дастӣ ва кашфиёти шогирдонаи хешро ба марази тамашо гузоштанд.
Дар толори Кохи фарҳанг мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳусниддин Сангинов зимни суханронӣ аз дастовардҳо ва мушкилоти соҳа дар соли хониши 2024-2025 ҳисобот дода, музокирачиён вобаста ба фаъолияти соҳа дар шаҳр фикру андешаҳои хешро баён доштанд.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва намояндаи вазорат Асомиддинзода Шарофиддин дар машварат суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки дар даврони истиқлолият бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Певои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ қарор додааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ – аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат зиёда аз 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 350 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудааст. Айни ҳол дар кишвар 41 муассисаҳои олии касбӣ дарҳои худро ба рӯи донишомӯзон боз намуда, барои хоҳишмандони таҳсил дар хориҷи кишвар низ, шароити дастрас муҳайё шудааст.
Бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидааст ва дар ин раванд сохторҳои илму маориф ва муассисаҳои иҷтимоӣ вазифадор гардидаанд, ки барои қавви намудани мафкураи техникии насли наврас омӯзишу таълими илмҳои дақиқ ва табииву риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Моҳи июли соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, даққиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 – 2040» қабул гардида буд. Дар ин санад, дар марҳалаи аввал таҳия ва татбиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 – 2025», «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025» ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои он, аз ҳар кадоми мо масъулияти бештарро тақозо менамояд.
Раиси шаҳр аз рушди соҳа ёдовар шуда, афзуд, ки соли 2025 ба соҳа 247 миллиону 563 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 72 фоизи маблағи буҷети шаҳрро ташкил медиҳад. Аз 1 сентябр музди маоши кормандони соҳаи маориф аз 20 то 30% фоиз боло бурда мешавад ва 22 миллиону 129 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷет илова мегардад.
Бо мақсади омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2025-2026 ба соҳаи маориф 5 миллиону 357 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, аз ин 3 миллиону 162 ҳазор барои таъмир ва 2 миллиону 293 ҳазор барои таҷҳизот равона гардидааст. Инчунин, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон, ассотсиатсияи падару модарон ва шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои таъмир ба анҷом расонида шудааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмони 5 муассисаи таълими нав, 14 бино дар назди муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 8 муассисаи таълимӣ, дар умум 380 синфхона бо фарогирии 19 000 ҷойи нишаст идома дошта, дар арафаи Рӯзи дониш ва 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муассисаи таълимии нав, 7 бинои иловагӣ – дар маҷмӯъ 178 синфхона ва утоқҳои корӣ барои 8900 нафар хонанда дар ду баст, мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар идомаи машварат, дар фазои тантанавӣ ба як қатор собиқадорони соҳа, омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва “Сипоснома”-ву туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф тақдим гардид.

