Дар партави сиёсати ятимпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ятимон пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида, дар арафаи иду айём ёрии молиявию моддӣ расонида мешавад.
22 августи соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор 43 нафар кӯдакону наврасони синни мактабиро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум шудаанд ба ҳузур пазируфта, сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуд.
Ҳамчунин, онҳоро бо фарорасии Соли нави хониш ва ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва дар фатҳи қуллаи дониш, таҳсили хубу интизоми намунавӣ таманно намуд.
Роҳбари шаҳр бо ёдоварӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат таъкид дошт, ки ятимону бепарасторон таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бархӯрдоранд.
– Шумо худро яккаву танҳо ҳис накунед,-афзуд раиси шаҳр, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият доранд ва мавқеи хосрро сазовор ҳастанд.
Ятимон ва нафароне, ки онҳоро парасторӣ менамоянд ба Пешвои маҳбуби миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгириву ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ карда, наврасон азм намуданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманду бомаърифат ба воя расида, ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузоранд ва ба халқу Ватани азизи хеш хизмати содиқона менамоянд.

