Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ ИНШООТ ДАР ҲИСОР БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи 8 сентябри соли 2025 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Сурайё Дӯстмуродзода дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 34-солагии Истиқлолият, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот якчанд иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр, нахуст, дар деҳаи Дучинораи Ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки пиру барнои деҳа ва фаъолони ҷамоат бинои иловагиро дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 мавриди истифода қарор доданд. Бинои нав аз ду ошёна, 8 синфхона ва як утоқи корӣ барои роҳбари муассиса иборат буда, бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони саховатпешаи деҳа, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо хишти сохтмон ва мизу курсӣ, дар умум ба маблағи зиёда аз 800 000 сомонӣ бунёд ёфтааст.
Тавре роҳбари муассиса иттило дод, бо ба истифода додани бинои нав дар назди муассиса, барои 400 хонанда дар ду баст шароити хуби таҳсил фароҳам гардид.
Дар идомаи сафар ҳайат ба Ҷамоати деҳоти Навобод ташриф оварда, дар деҳаи Лолагӣ ба фаъолияти толори варзишӣ ва тарабхонаи “Фарел” оғози роасмӣ бахшиданд. Меҳмонон аз шароитҳои толори варзишӣ ва ошхонаи миллӣ, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст дидан карда, ба тарҳу намои ҳарду иншоот баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, зикр намуданд, ки ошхона, ки асосан мувофиқ ба номаш ба пухтупази моҳии фарел бо усули махсус ва дигар хӯрокҳои миллӣ нигаронида шудааст, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, бо фазои ғайримаъмуливу дилписандаш мақбули ҳамагон хоҳад шуд ва барои ҷалби меҳмонону сайёҳон мавзеи бисёр қулаю макони роҳат маҳсуб меёбад.
Дар деҳаи Чуқураки ҷамоат, меҳмонон ба фаъолияти 4 синфохани иловагӣ оғози расмӣ бахшида, инчунин дар назди муассиса таҳти садои Суруди миллӣ, ки аз ҷониби хонандагони муассиса зинда сароида шуд, парда аз рӯи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Парчам бардоштанд. Ҳамчунин, муовини Сарвазир ва ҳайати ҳамроҳон бо корҳои таъмиру тармими капиталии муассиса, ки бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорон ва хатмкардаҳои муассисаи мазкур роҳандозӣ шудааст, шинос гардиданд.
Идомаи сафари муовини Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор сурат гирифт. Дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро бо маркази савдои замонавии “Раян” ва хизматрасонии бонкӣ мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин, ба ду оила калиди хонаи истиқоматиро, ки ширкати сохтмонӣ ба кормандонаш додааст, тақдим намуданд.
Ҳамчунин, муовини Савазир, раиси шаҳр ва вакили Маҷлиси намояндагон, дар доираи сафар ба шаҳраки Ҳисор, дар маҳаллаи 8-уми шаҳрак бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Бино бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд ёфта, дар ҳавлии он таввақуфгоҳ барои мошинҳо ва майдончаи бозии кӯдакон тарҳрезӣ шудааст. Меҳмонон ба ду соҳибхона калиди хона тақдим карда, онҳоро ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолият дар шаҳр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр ва муовинони раиси шаҳр 50 иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла се бинои мактаб ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ бо 8900 ҷойи нишаст дар ду баст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, роҳи Душанбе-Айнӣ-Ҳисор ба масофаи 8 километр мумфарш хоҳад шуд. Дар доираи корҳои ободонӣ, инчунин дар якчанд деҳаву маҳалла таъмиру таҷдид, мумфаршу сангфаршкунии роҳҳо, ивазкунии трансфарматор ва симчӯбу ноқилҳо, чароғонкунии кӯчаҳо дар назар дошта шудааст.