Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ НОСИРЗОДА ҶАББОР АЗ РАФТИ ТАҚСИМИ “ШОҲНОМА” БА СОКИНОНИ ШАҲР

Бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ дар ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расид ва ҳамчун туҳфа аз номи Пешвои миллат ба сокинони кишвар тақдим мегардад.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлолият зиёда аз 49 300 ҷуфт китоби “Шоҳнома” ба шаҳри Ҳисор оварда шуд ва масъулин ба тақсимоти он шуруъ намуданд.
Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Мирзо Турсунзода бо шароити нигоҳдорӣ ва ҷараёни тақсими китоб ба аҳолӣ шинос шуда, барои дастрас гардидани он ба ҳар хонадон, муовини якуми раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр оид ба самти иҷтимоӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вазифадор намуд.
Тибқи маълумот, то имрӯз ба ҷамоатҳои деҳоти Ориён (1542 ҷуфт), Хонақоҳи Кӯҳӣ (4380 ҷуфт), Алмосӣ (2868 ҷуфт) тақсим гардида, тибқи ҷадвал тақсими он ба Ҷамоати шаҳраки Шарора шуруъ мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои миллат қаблан низ, ба ҳар хонадони тоҷикистониён “Қуръон”-и маҷид ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро тақдим намуда буданд.