Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВКД БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ ШАҲРИ ҲИСОР

6 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, ва бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Вализода Илҳомиддин, сардори Раёсати тафтишот, генерал-майори милитсия Абдурасулзода Аскар, муовини сардори Раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғаффор бо аҳли фаъоли ҷамоатчигии шаҳр ва ходимони дин мулоқот доир гардид.
Раиси шаҳр зимни суханронии муқаддимавӣ меҳмонону ҳозиринро ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта афзуд, ки мулоқоти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Сипас, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин, сардори Раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон Умарҷони Эмомалӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор Азиззода Абдуғаффор вобаста ба сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, ошкоршавии ҷиноятҳо, омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он, инчунин, пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳсоси худшиносии онҳо, пешгирӣ аз ҷаҳолатпарасиву хурофот, ҷанбаҳои бегонапарастӣ дар сару либос ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ карда, роҳҳои пешгирӣ аз баъзе амалҳои номатлубро, шарҳу тавзеҳ доданд ва изҳор доштанд, ки бидуни ҳамкории муштарак бо аҳли ҷомеа расидан ба ин мақсадҳо ғайриимкон мебошад.
Дар ҳошияи ҳамоиш, бо иштирокчиёни чорабинӣ дар толор муколаммаи озод доир гардида, мудири шуъбаи маориф, сархатиби шаҳр ва собиқадори ҷанги Афғонистон андешаронӣ намуданд. Изҳор доштанд, ки ҳамкории муштараки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ василаест, ки метавонад дар роҳи пешгирӣ аз амалҳои номатлуб то андозае таъсиргузор бошад.