Бо ҳидояти раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовинони раиси шаҳр бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба аёдат ва табрикоти собиқадорони муътабари шаҳр, ки дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хоса мақомоти андоз, бонкдорӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва ғайраҳо солҳои тӯлонӣ фаъолияти пурсамар доштанд, рафта, бо зиндагии онҳо шинос шуданд ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

