Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҚДИМИ ШОҲНОМА БА ҲАР ХОНАДОНИ СОКИНИ ШАҲР

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
Дар шаҳри Ҳисор барои дастрас кардани туҳфаи Пешвои миллат – “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадон, масъулин сафарбар шудаанд.
Шоми 15 сентябр муовини раиси шаҳри Ҳисор Юлдошзода Бунафша, мудири бахши ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Искандар Маҳмасаид, директори нашриёти ҷумҳуриявии “Ирфон” Абдураҳмонзода Абдувалӣ шахсан бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Дурбат, Хонақоҳи Кӯҳӣ ба собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Мансуров, собиқ раисони шаҳр Муҳаммадалии Очилдӣ ва Баҳриддин Солеҳов ду ҷилдӣ китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсиро дастрас ва ҳадя карданд.
Ҷамолиддин Мансуров, Муҳаммадалии Очилдӣ ва Баҳриддин Солеҳов ба Пешвои миллат бо таманниёту дуоҳои нек ва арзи сипосу эҳтиром минатдорӣ карда афзуданд, ки ин сеюмин китоб аст, ки Роҳбари давлат ба хонадони ҳар сокини мамлакат туҳфа менамоянд. Дар гузашта китобҳои “Қуръон”-и маҷид, ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров чун туҳфа дастрасошон шудааст.