Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН

17 сентябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин ҷаласаи якҷояи Ситоди зимистонгузаронии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони муассисаву ташкилот ва корхонаву хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликият баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши котиби Ситод Абдураҳмон Раҳмонзода оид ба масъалаи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 шунида, бо саволу ҷавоб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, аз ҷониби масъулини Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.
Бо истифода аз захираҳои дохилӣ ва бо ҷалби тоҷирону хоҷагидорон барои таъмини аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо сӯзишворӣ, хоса ангишт ва маводи зарурии хӯрокаи ниёзи аввал тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Барои таъмини муназзами хонаҳои баландошёна бо гармӣ, ки тавассути барқ амалӣ карда мешавад, дар зеристгоҳи марказӣ як адад трансфарматори баландшиддат иваз карда шуд ва кашидани хати иловагии 110 кВТа ба маркази шаҳр аз чашмаки нав дар назар дошта шудааст. Тасмим гирифта шудааст, ки биноҳои маъмурии давлатӣ, беморхонаи марказӣ, маркази саломатии шаҳрӣ ва дигар иншооти муҳим тавассути хатти алоҳида бо барқи доимӣ таъмин карда шаванд.
Барои дастрасии аҳолӣ ба маводи хӯрока ва ангишт, ҳезум, гази моеъ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаҳои дурдаст аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон нуқтаҳои фурӯш фаъолият менамоянд ва ба миқдори зарурӣ барои таъмини аҳолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон захира доранд.
Дар фарҷом оид ба ислоҳи камбудиҳое, ки аъзои Ситод ҳангоми санҷишҳо ошкор намудаанд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.