Субҳи имрӯз, иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки 18 сентябр дар мавзӯи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дар китобхонаи миллии шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо мақсади иштирок дар Фестивал-намоиши ҷумҳуриявии “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ” ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро, ки Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Эрон, Покистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Украина, Молдова, Канада ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро намояндагӣ мекарданд раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар даромадгоҳи шаҳр пазироӣ карда, сокинони шаҳр, чун таомули аҷдодӣ таҳти садои сурнаю карнай, бо нону намак истиқбол гирифтанд.
Ҳайати намояндагӣ ба хотири эҳтиром ба таърихи халқи тоҷик дар пояи лавҳаи меъмории “Водии зарнисор” ва аз пайкараи “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ”, ки ҳамчун рамз, дар ватани аслиаш – водии Ҳисор гузошта шудааст дидан карда, барои хотира акс гирифтанд ва ҷиҳати иштирок дар Фестивал – намоиши ҷумҳуриявии “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ” ба варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр омаданд.


