19 сентябри соли равон, дар доираи барномаҳои Фестивал-намоиши “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ”, ки дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор баргузор гардид, кишоварзони шаҳр намунаи меваю сабзавот, ҳунармандону кадбонуҳо маҳсули дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти дастидӯзӣ, бофандагӣ, хӯрокҳои миллӣ, қаноддӣ, инчунин ошпазҳо якчанд намуд хӯроку самбӯса ва кабобҳое, ки аз гӯшти гӯсфанд омода карда шудааст, пешкаши меҳмонон – иштирокчиёни Фестивал намуданд.

