22 сентябри соли 2025 таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати назратии навбатии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Инъомҷон Аъзамовро, ки бо хоҳиши худ аз вазифа канор рафтааст, дар фазои тантанавӣ, бо ифтихор ва эҳтирому эҳтимом ба рухсатии ҳамешагӣ гусел карда, барои роҳбарӣ ва собиқаи бисёрсолаи корӣ дар вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори сипос ва бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қадрдонӣ намуд.
Зикр гардид, ки Инъомҷон Аъзамов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни масуъули далатию ҷамъиятӣ содиқона хизмат карда, зиёда аз 13 сол инҷониб вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳрро бар уҳда дошт. Кору фаъолият ва маҳсулу ранҷу хизматҳои ӯ бо мукофотҳои зиёд, аз ҷумла Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медалҳои «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР», «100-солагии маршал Георгий Жуков», «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «20-солагии аз Афғонистон баровардани қўшунҳои Шўравӣ», ордени «Ветерани ҷанги Афғонистон» ва ғайраҳо қадршиносӣ шудааст. Дар радифи ҳама ин ҷоизаву унвонҳо, – илова намуд раиси шаҳр, унвони дигари олию муборак барои Устод Аъзамов ҳамин аст, ки ӯро дар шаҳр ҳамагон, ҳамчун пешоҳанг, насиҳатгару роҳнамои шогирдону ҷавонон, сарвари табақаи пешқадаму насиҳатгари ҷомеа – собиқадорони ҷангу меҳнат мешиносанд ва бо эҳтиром иззату икром менамоянд.
Носирзода Ҷаббор ба эшон саломатию сарбаландӣ, зиндагии хушу бофароғат ва дар рӯзгорашон оромию хушҳолии доимиро таманно карда, афзуд, ки дари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барояшон ҳамеша боз аст ва минбаъд низ, минбари маъракаву чорабиниҳои шаҳрӣ ҳамеша шуморо пазиро мебошад.
Инъомҷон Аъзамов зимни суханронӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат аз фаъолияти бисёсолае, ки дошт изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти шаҳр ва ҳамкору шогирдон барои қадршиносӣ изҳори минатдорӣ намуд.
Дар идомаи кори машварат муовинон, роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият ва дигар роҳбарони зерсохтор оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда гузориш доданд.
Раиси шаҳр фаъолитяти масъулинро соҳа ба соҳа таҳлил намуда, вобаста ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолият, бахусус омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ангур, меваю сабзавот ва содироту захираи он, кишти тирамоҳии зироатҳо, таъминоти аҳолӣ бо обу барқ, ободонии маҳал аз масъулин пурсиш кард ва барои ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошт.

