Бо дастуру супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раисони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад бо пойтахт-шаҳри Душанбе ӯҳдадор шуда буданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат роҳҳои алтернативиеро, ки ин шаҳру ноҳияҳоро ба шаҳри Душанбе мепайвандад, таъмиру мумфарш намоянд.
Роҳбарияти шаҳри Ҳисорро лозим буд, ки роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байнишаҳридоштаи Ҳисор-Шарора-Чимтеппа, Ҳисор-шаҳраки Айнӣ ва Шарора-шаҳри Душанберо ба масофаи умумии 21 километр таъмиру мумфарш намоянд.
Бо ин мақсад 23 апрели соли 2025 ба мумфаршкунии роҳи Ҳисор-Шарора-Чимтеппа ва 6 сентябри ҳамин сол бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба мумфаршкунии роҳи самти Ҳисор-Айнӣ-Душанбе (БДА) оғоз бахшида шуд.
Роҳсозони ҶДММ “Рус-Бахт” роҳҳои болозикрро бо сифати баланд мумфарш карда, дар муҳлатҳои пешбинишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Субҳи имрӯз, 24 сентябр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо ҳузури муовинони раиси шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – Прокуратураи шаҳр, Суд, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар саргаҳи роҳи Ҳисор – шаҳраки Айнӣ – Душанбе маросими кушодашавии роҳи мазкурро доир карданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати ба даст омадани Истиқлолу Ваҳдати миллӣ дар давоми зиёда аз се даҳсолаи охир ба як чанд комёбиҳои беназир ва як қатор пешрафту ободиҳо мушарраф гардид, ки ин ҳама далел аз пешрафт ва сарҷамъию муттаҳидии сокинони мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамчун рамзи эҳтиром раиси шаҳр ва дигар нотиқон ба соҳибкороне, ки дар ин амали хайр бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкорӣ доштанд ва ба роҳсозон арзи сипосу минатдорӣ карда, туҳфаҳои таъсиснамудаи МИҲД-и шаҳрро тақдим намуданд.
Роҳбарияти шаҳр аз ибтидо то интиҳои роҳ дидан карда, бо сифати кори роҳсозон, дарозӣ, бару ғафсии роҳ, ҷӯйҳои обгузару обпарто шинос шуданд ва ба заҳмати роҳсозон баҳои баландро лоиқ дониста, афзуданд, ки роҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд маҳсуб ёфта, солҳои дароз ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат хоҳад намуд.
Тибқи нақша, ҳафтаи равон дар роҳе, ки шаҳраки Шарораро ба пойтахт-шаҳри Душанбе мепайвандад, корҳои мумфаршкунӣ оғоз карда мешавад ва дар иҷрои ин амали нек раиси шаҳр ба роҳсозон саломатию сарбаландӣ таманно намуд.

