Рӯзҳои истироҳатии 27-28 сентябр бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахтаи бо арақи ҷабин парваридаи деҳқонон бо ҳидояти раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор садҳо нафар сокинони шаҳр, бахусус кормандони идораҳои давлатӣ бо амри дил ба саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр”, “Латиф Муродов” хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор” ва Корхонаи воҳиди таълимӣ таҷрибавии “Ҳисор” баромада, бо усули ҳашар дар чиниши ҳосили пахта фаъолона ширкат намуданд.
Тибқи маълумот, чинакчиён ба хирмани хоҷагиҳои мазкур наздик ба 12 тонна тиллои сафед рехта, эҳтироми хешро нисбат ба меҳнати деҳқонон дар амал нишон доданд.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, дар баробари шарикӣ ба ҳашарчиён дар чиниши пахта, аз қитъаҳои алоҳидаи пахтазор дидан карда, иқдоми онҳоро намунаи олии дӯстдории ватан, ибрати омӯзанда ба насли оянда маънидод намуд. Ба чинакчиён аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос гуфта, афзуд, ки бо такя ба садоқату муттаҳидии мардум дар шаҳр корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расидааст ва кӯмак ба марди деҳқон давоми мантиқии корҳои ободониву созандагӣ барои рушди ватан маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, раиси шаҳр изҳори итминон намуд, ки кишоварзони шаҳр соли 2025-ро бо дастовардҳои арзишманд ҷамъбаст карда, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шоиста истиқбол менамоянд.

