Тавре қаблан хабар дода будем, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои созандагӣ, ободонӣ, аз ҷумла роҳсозро ба таври густурда тақвият бахшад.
Чунин як иқдоми ватандӯстона 25 сентябри соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Шарора сурат гирифт ва дар назар аст, ки 2,6 километр роҳ аз шаҳраки Шарора то сарҳади шаҳри Душанбе мумфарш карда шавад.
Бо ин мақсад, нимаи дуюми имрӯз, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати шаҳраки Шарора ташриф оварда, бо иштироки муовинони раиси шаҳр ва фаъолони шаҳраки Шарора ба корҳои мумфаршкунии роҳи мазкур оғози расмӣ бахшиданд.

