Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КӮМАКИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲОИ ШАҲРИ ҲИСОР БА ПАХТАКОРОН

Субҳи дирӯз ва имрӯз, 12 октябри соли равон сокинони шаҳри Ҳисор, хоса кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ бо роҳбарии Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили “тиллои сафед” ба кӯмаки пахтакорон рафтанд ва дар саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии “Ҳайдар Миров”, “Латиф Муродов”, “50-солагии Октябр”, “Раҳмонҷон”, “Абдурауф Юсуфов”КВТТ “Ҳисор” ба пахтачинӣ машғул шуда, ба ин васила дар ғанӣ намудани хирмани деҳқонон саҳми хешро гузоштанд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр дар қитъаҳои замини пахтазори якчанд хоҷагиҳо бо ҷараёни кори ҳашарчиён шинос гардид ва ба онҳо барои иқдоми ватандӯстона, аз номи худ ва мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, расидан ба қадри заҳмати марди деҳқон ва танҳо нагузоштани онҳо дар ин рӯзҳои офтобиро, ки ҳар лаҳзааш ғанимат аст, эҳтиром гузоштан ба меҳнати падарон, саҳм гузоштан дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва беҳ гардидани зиндагии фардои мардуми диёр маънидод намуд.