Кишоварзони шаҳри Ҳисор имсол дар майдони 741,3 гектар кишти чигит гузарониданд ва ният доранд аз ҳар гектар, ба ҳисоби миёна 23,6 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” ва “Латиф Муродов” ба марра баромада, то имрӯз аз ҳар гектар то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Чиниши пахта дар хоҷагиҳо бо маром идома дошта, деҳқонон барои расидан ба хирмани 1750 тоннагии шаҳр саъю талош доранд.
