20 октябри соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, дар маҷлис ҳисоботи муовини раиси шаҳри Ҳисор Назризода Абдуфаттоҳ дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2025 шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷамъбасти нӯҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 4 млрд. 61,2 млн. сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 117 фоиз баробар гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2025 суръати рушди ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 602,4 млн. сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 104,6 фоиз, кишоварзӣ 108,6 фоиз, гардиши савдо 124,3 фоиз, ҳаҷми хизматрасонӣ 108,5 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 125,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоӣ 283 млн. 687 ҳазору 275 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет 291 млн. 286 ҳазору 146 сомонӣ ворид гардид, ки 102,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нақшаи пешбинигардида 7 млн. 598 ҳазору 871 сомонӣ зиёд мебошад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2021-2026 аз 2071 лоиҳа бо маблағи умумии 1 млрд. 970 млн. 417 ҳазор сомонӣ иборат буда, маблағи ҷалбгардида 1 млрд. 343 млн. 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ ба 68,2 фоизи маблағи умумии Барнома баробар аст.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии 1809 банд, ба ҳолати 1 октябри соли равон 1242 банд, ё 68,9 фоизи нақшаи умуми иҷро гардидааст.
Пас аз шунидани ҳисобот ва саволу ҷавоб бо маърӯзачӣ, муовини якум, муовинони соҳавии раиси шаҳр ва дигар шахсони дахлдор оид ба фаъолият, дастоварду камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр гузориш доданд.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда иброз дошт, ки натиҷаҳо дар шаҳр назаррас бошанд ҳам, дар баробари муваффақиятҳо, дар иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр ҳанӯз камбудиҳои ҳалталаб зиёданд. Бинобар, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо, бахусус дар масъалаҳои ҷамъоварии бақияи қарзи андоз, афзудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пешгирии талафоти барқ ва ҷамъоварии маблағи он, сатҳи пасти фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷалби кормандони соҳибмаълумоту соҳибтахассус дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва ғайраҳо бо тавсияву пешниҳодҳо ба масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Муовини Сарвазир дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, ҳамчунин, ҳифзи амнияту оромиро аз вазифаҳои муҳими ҳар як хизматчии давлатӣ ва аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагӣ ва ободониро вусъат бахшем ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гирем.
Дар фарҷоми маҷлис раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, бо дарназардошти фикру андешаҳои муовини Сарвазир ва баромадкунандагону музокирачиён, ҷиҳати рафъи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр муовини якум, муовинон, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони идораву ташкилотҳои марбутаро вазифагузорӣ намуд.

