Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

Шоми 27 октябри соли равон таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати навбатии назоратӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр аҳли маҷлисро бо тағйироти кадрӣ дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ – интихоб гардидани Фирӯз Шералиев ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур, шинос намуд.
Раиси шаҳр мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сарвиноз Азизоваро барои ғолиби ҷойи якум гадидан дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон шодбош гуфта, овозхони ансамбли эстрадии “Шодмон”-и назди шуъбаи фарҳанг Ҳаётҷони Ҳамрохонро барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни байналмилалии “Романсиадаи Осиёи Марказӣ” ва Мирзораҳим Алиевро бо муррабиаш Сунатулло Расулов барои ғолибият дар дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба “Ҷу-до” бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои пулии мақомот сарфароз намуд.
Сипас, муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин иштирокчиёни машваратро бо мазмуни пешниҳоди прокуратураи шаҳр оид ба пешгирии қонуншиканиҳо ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар мисоли як нафар сокини Ҷамоати деҳоти Ҳисор шинос намуд ва нисбати масъала, масъулин пурсиш карда шуданд.
Дар идомаи машварат, муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколии машваратҳои қаблӣ гузориш доданд. Аз ҷумла, муовини якум, ҳамзамон раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳр Каримзода Сироҷиддин дар бораи рафти сафарбарии ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, муовинони соҳавии раиси шаҳр оиди фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои қаблӣ, фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва кишоварзӣ гузориши муфассал доданд.
Носирзода Ҷаббор дар робита ба низоми барқу обрасонӣ, аз ҷумла оби полезӣ ва баровардани партов дар шаҳр, роҳбарони муассисаҳои марбутаро пурсиш карда, масъулинро барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, мушаххас вазифагузорӣ намуд.