Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РОҲИ ДЕҲАИ ДУРДАСТИ ЛОЙОБ МУМФАРШ МЕГАРДАД

Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо дастгирии соҳибкорону аҳолӣ роҳи деҳаи дурдасти Лойоби Ҷамоати деҳоти Алмосӣ мумфарш мегардад.
Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба деҳоти Алмосӣ, дар деҳаи Лойоб аз роҳҳои мошингард дидан карда, бо иштироки пиру барнои деҳа ба мумфаршкунии роҳ расман оғоз бахшид.
Ба раиси шаҳр иттилло доданд, роҳ то деҳаи Бобосурхон 2 километрро ташкил медиҳад ва ним аср боз таъмирро надидааст. Бо пурра таъмир шудани роҳ, равуои сокинону меҳмонони диёр осон шуда, ҳамзамон фарзандони онҳо метавонанд дар мавсими боришоти барфу борон, бе мамоният озими мактаб шаванд.
Раиси шаҳр дар саргаҳи роҳ бо мардум суҳбат ороста, аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ташаббускорон ва роҳсозон, ки сиёсати созанда ва ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд изҳори сипос намуд, ҳамзамон афзуд, ки роҳи мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд маҳсуб ёфта, солҳои тулонӣ ба мардуми диёри Алмосӣ, хизмат менамояд ва ба рушди сайёҳӣ ва боз ҳам обод гардидани ин макон, ки ба мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ворид гардидааст, мусоидат менамояд.
Дар бозгашт раиси шаҳр аз муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳа, ки дар тобеияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 мебошад, дидан карда бо шароит ва рафти таълиму тарбия шинос гардид.
Ҳамчунин, раиси шаҳр дар деҳаи Тӯтакаи ҷамоат таваққуф карда, бо ҷараёни таъмир ва азнавсозии пули мошингузар шинос шуд. Бо раиси маҳалла ва устоҳои таъмиргар суҳбат карда, барои бо сифат азнавсозӣ намудани пули мазкур тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.
Раиси шаҳрро дар сафар роҳбари зергурӯҳи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Фаррух Аловиддинов ва дигар масъулини роҳсозӣ ҳамроҳӣ намуданд.