Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДЕҲҚОНОНРО, КИ ҚУТИ ХАЛҚ МЕКОРАНД ДАСТГИРӢ МЕБОЯД НАМУД

Ҳанӯз 1000 сол қабл деҳқони асил, нависанда, файласуф, шоир, адиб ва мутафаккири барҷастаи шарқ Носири Хусрави Қубодиёнӣ навиштааст, ки:
Беҳ аз санои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро* роҳатрасон аст. (тайр-парранда)
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.
Шоири классики тоҷик Носири Хусрав худ, ки дар оилаи деҳқон ба камол расида, аввалин шуғлаш низ, деҳқонӣ буд дар идомаи шеъраш чунин овардааст:
Ба роҳат аз даҳоқин* мурғу мӯранд, (даҳоқин-деҳқон)
Ҳамон гар одамию гар сутуранд*. (сутур-чорпои боркаш)
Ба кор андар ҳама мардони коранд,
Арақ резанду қути халқ коранд.
Воқеан, деҳқонон рисқрасон, омили фаровонии бозор, арзонӣ ва серию пурии оламиён ҳастанд. Ба ифодаи дигар дар саҳро танҳо деҳқон шуруъ аз шудгор, кишт, парвариш то ҷамъовари ҳосил заҳмат мекашад ва мутаасифона аз сабаби нарасидани қувваи корӣ дар ҷамъоварии онҳо, бахусус дар ҷамъоварии пахта баъзан ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мегардад.
Хушбахтона, ҳар фарди соҳибхиради диёрамон пахтаҳои дар саҳро шукуфтаро дида, новобаста аз шуғле ки дорад, хешро паҳлуи марди деҳқон мегирад ва лоиқ ба тавоноӣ саҳми хешро дар ғанӣ гардидани хирмани “Тиллои сафед”, ки боигарии давлати мо маҳсуб меёбад, мегузорад.
Дар пахтазоре дидам, ки омӯзгоре пахта мечинад. Гуфтам, – муаллима шуморо аз чидани пахта озод намудаанд, вале мебинам шумо ду рӯз аст дар саҳроед.
Дар мактаб аксари шогирдонам фарзандони деҳқонанд,-ҷавоб дод ӯ, гумон мекунам пахта низ, фарзанди ҳамон деҳқон аст, мегуянд, дар пеш барфу борон аст, оё бераҳмӣ нест, ки пеши чашмонамон пахтаи бо арақи ҷабин парвардаи деҳқон, ки мисли фарзанд парвариш кардааст, зери барфу борон нобуд гардад? Қонун гуфтааст, ки омӯзгорро ба дигар корҳо маҷбур насозед, вале маро касе маҷбур накардааст, чун бо нони деҳқонӣ калон шудаму фаровонии дастархони хонаам аз деҳқон аст ва нисфи авлодам низ, деҳқон аст, ду-се соат паҳлӯи ӯ будан ягон зарра ба пешравии касбу зиндагиам халал ворид намесозад. Агар, ҳамин пахта ду рӯз пас зери барф монад, чӣ мешавад?-гуфту афзуд, ки воқеан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халал ворид нагардидан ба раванди таълиму тарбия, қонунан ба мо ғамхорӣ зоҳир кардааст, агар мо низ, дар як кунҷаки диламон заррае ғамхорӣ ба деҳқонро ҷой дода, ду-се соатак кӯмакаш намоем, магар қонуншиканӣ мешавад?
Суханҳои муаллима бисёр самимӣ буд. Хушбахтона, ҳастанд чунин омӯзгорон, ки аз коре, ки ба рушди мамлакат ва серию пурӣ дар зиндагии мардум мусоидат менамояд, худро канор намегиранд. Фарзандонро ба чунин муаллимаҳо бовар кардан, ба ҳар хонадон танҳо хушбахтӣ меораду халос.
Дар саҳро шоҳид гаштам, ки воқеан садоқату вафодорӣ ба деҳқон намурдааст, пиру барнои шаҳр, ки байнашон мӯйсафедон, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгору табиб, варзишгару санъаткор, соҳибкору банкир зиёд буд, ба деҳқонон дастёрӣ мекарданд.