Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РОҲҲОИ ДОХИЛИИ ДЕҲАИ ҲИСОР- МАЪРУФ БА ҚАЛЪАИ ҲИСОР МУМФАРШ МЕГАРДАД

29 октябри соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор ташриф овард ва дар оғози маъракаи мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ иштирок намуд.
Дар маркази деҳа, ки пиру барнои деҳа ҷамъ омада буданд, раиси шаҳр суҳбат ороста, ба соҳибкорон ва аҳолии деҳа, барои дастгирии корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Ҳамчунин, афзуд, ки соҳибкорони шаҳр дар баробари саҳм гузоштан ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ободонии диёр, хоса бунёди инфрасохтор, таъмиру тармими роҳу пулҳо, сохтмони мактабҳо, кашидани хатҳои барқу обу канализатсия, кандани чоҳҳои амудӣ ва ғайра бо ҳиммати баланд саҳми арзишманд мегузоранд.
Тибқи маълумоти роҳсозон, дар доираи иқдоми навбатии соҳибкорон кӯчаҳои маркази деҳаи Ҳисор ба масофаи наздик ба ду километр мумфарш шуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони Қалъаи бостонии Ҳисор ҳамчун армуғони идона эҳдо мегардад.