Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз рӯи номинатсияҳои «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Беҳтарин деҳот», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ғолибони озмун бо «Диплом»-у мукофотҳои Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
5 ноябри соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар чорабинии фарҳангию маърифатӣ, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим баргузор гардид, ҷоизаҳои ғолибонро ба соҳибонашон тақдим намуд.
Маҳаллаи “Рӯдакӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Ҳисор дар номинатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” ғолиб дониста, бо “Диплом”-и дараҷаи дуюм ва мукофоти таъсиснамудаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Воқеан сокинони маҳалла ташаббускор буда, бо роҳбарии раиси маҳалла Холмурод Умаров дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият тамоми кӯчаҳои маҳалларо мумфарш, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро таъмир карданд. Сокинони маҳалла дар корҳои ҷамъиятӣ низ, фаол буда, дар самти сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баргузории ҳашарҳои дастҷамъона шоиста фаъолият менамоянд.


