Аз 15 апрели соли 2025 ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти танзими истифодаи қувваи барқ тағйирот ворид шуда, ҳамчунин, бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
Бо мақсади таъмини талаботи қонунҳои мазкур кормандони прокуратураи шаҳри Ҳисор дар муассисаву идораҳо, ҳамчунин байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд.
Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи 3 Рауфзода Ҳилолӣ Ҳайдар дар идораи Шабакаҳои барқи шаҳр бо кормандони корхона мулоқот доир карда, оид ба истифодаи самараноки нерӯи барқ, ки яке аз рукнҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад, суҳбат намуд.
Номбурда маҳфуми истифодаи ғайриқонунии барқро, ки метавонад боиси зарари бузург ба ширкатҳои таъминоти барқ, ба иқтисоди миллӣ ва ҳатто ба амнияти энергетикии кишвар гардад, ба кормандони корхона муфассал фаҳмонида, ҷазоҳое, ки ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ шудааст, шарҳу эзоҳ дод.
Ҳамчунин, аз якчанд амалҳои даст задани кормандони шабака, ки бо роҳҳои сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ маблағҳои барқи истифодашударо аз худ кардаанд ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кормандони шабакаи барқ барои таъмини талаботи қонунҳои болозикр, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, аз ҷумла дуздии барқ ба тасвиб расидааст, масъул мебошанд ва пеш аз ҳама худи онҳо бояд ба ин амали ғайриахлоқӣ, ва аз нуқтаи назари қонун – ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо, ҳатто ҷиноят маҳсуб меёбад, даст назананд.
Кормандони прокуратураи шаҳр ҳамин монанд вохӯриҳоро, бо кормандони як қатор муассиса ва корхонаву нуқтаҳои хизматрасонии шаҳр, сокинони кӯчаву маҳалла баргузор карданд ва дар бораи ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ илова гардидани моддаҳое, ки барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи ғайриқонунии барқ ҷазои вазнинтарро бо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад, суҳбат намуданд.


