15 ноябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров, Ато Ҳамдам, Абдуманнон Абдуразоқов, Шариф Яъқубов ва собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон, аҳли зиё, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон шоҳидони воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта собиқ раиси шаҳр Душанбе (солҳои 1993-1994), муовини Сарвазири мамлакат (солҳои 1994-2001) ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дуюм Ҷамолиддин Мансуров, нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, аъзои Комиссияи оштии миллӣ Абдуманнон Абдуразоқов суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки Нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин, амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир мебошад. Татбиқ гардидани сиёсати оқилона ва дастуру роҳнамоии бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боиси пешравию шукуфоии кишвар гардидааст ва садоқат, муттаҳидӣ ва меҳру муҳаббати шоёни мардумро ба бор овардааст.
Заҳмату талошҳои Президенти кишварро дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлол, пойдории сулҳ дар мамлакат ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон соли 2016 унвони олии Пешвои миллат ва соли 1999 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро лоиқ донистанд ва аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таъйин карда шуда, ҳар сол он дар саросари кишвар бо шукӯҳу ихлосмандии хоса истиқбол мегардад.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои Роҳбари давлат дар баробари беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон, ба ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд, ки боис ба баланд гардидани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шудааст ва иштироки мустақими Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои сиёсию экологии ҷаҳон, мубориза бар зидди хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизму терроризм, масъалаҳои мушкилоти дастрасӣ ба об, ҳифзи табиату наботот дар сайёра хеле назаррас мебошад.
Нотиқон, дар ин рӯзи барои миллати тоҷик фархунда ва хотирмону таърихӣ ба Пешвои муаззами миллат, фарзандону пайвандонашон саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ гардидани иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат барору комёбӣ орзу намуда, сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфтанд ва дар фазои кишвари азизамон суботу ваҳдати ҷовидонро таманно намуданд.
Ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷииддин Муҳиддинови шуъбаи фарҳанги шаҳр, ҳаваскорони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр барномаи ҷолиби консертиро иборат аз саҳнаҳои тарбиявӣ, шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Пешвои миллат ва табиати афсункори диёр, пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.
Дар долони асосии Кохи фарҳанг намоиши асарҳои Пешвои миллат, адабиётҳои ба нашр расонидаи таърихнигорону муҳаққиқон дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асарҳои офаридаи рассомони ҷавони Мактаби санъат ва эҷоди кӯдакони шаҳр ва Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намоиш гузошта шуд.



