Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИДОМАИ ҚИСМИ НАЗАРИЯВИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ КИШОВАРЗОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар саҳрои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр”-и шаҳри Ҳисор, таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон бо ҳузури раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид, олимону кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва намояндагони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қисмати назариявии семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Роҳҳои таъмини сифати шудгор, татбиқи технологияҳо ва вусъатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ” баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон кори семинарро ифтитоҳ карда, иштрокчиёни онро ба муносибати ҷашнҳои дар пеш истода-Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Сипас, ҳолати воқеии рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои кишоварзиро соҳа ба соҳа, тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳру ноҳияҳои марбута таҳлилу баррасӣ намуд ва масъулини соҳаро вобаста ба ҷамъоварии ҳосили боқимондаи кишоварзӣ дар саҳро, афзун намудани саршумори чорво, иҷрои нақшаи истеҳсоли гӯшт, шир, таъмини кишти тирамоҳии зироатҳо ва дигар самтҳои кишоварзӣ пурсиш карда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ намуд.
Дар семинар профессори кафедраи меваю сабзавоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур академик Турсунбой Ахмедов дар мавзӯи “Технологияи муосири парвариши картошкаи барвақтӣ ва сабзавот”, мудири озмоишгоҳи селексияи гандум ва ҷави Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Бахтиёр Давлатов дар мавзӯи “Гандуми тирамоҳӣ, технологияи кишти ғалладонагиҳо дар шароити заминҳои обӣ ва лалмии водии Ҳисор, мӯҳлат ва меъёри кишт ” маърӯза карда, ҳамзамон, дар раванди семинар ба масъалаҳои коркарди асосӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии хок, ки гарави баланд шудани ҳосилнокии зироат дар заминҳои обӣ ва лалмӣ мебошад, инчунин кишти барвақтии зироатҳои сабзавотӣ ва зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ҳамчун асоси танзими нарх дар бозорҳои истеҳмолӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Дар фарҷоми семинар раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, муовини Сарвазир, ҳайати ҳамроҳон ва меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ба шаҳр Ҳисор бори дигар хайрамақдам гуфт ва ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои макони баргузории семинар шаҳри Ҳисорро интихоб кардааст, изҳори сипос намуд.