24 ноябри соли 2025 пас аз роҳпаймоии пуршукӯҳи идонаи сокинони шаҳри Ҳисор, дар Кохи фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардид.
Пас садо додани Суруди миллӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки чорабиниҳои идонаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки сокинони мамлакат, аз ҷумла сокинони Ҳисори Шодмонро рӯҳияи идонаи таҷлили 33-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта, соли 2025 соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр бо дастоварду пешравиҳо, бобарор ҷамъбаст мегардад.
Дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, чӣ дар мамлакат ва чӣ дар шаҳри Ҳисор бо дастгирии аҳолӣ, соҳибкорон-фарзандони банангу номуси диёр вусъати тоза касб намуда, бо маром пеш меравад.
Раиси шаҳр дар идома иброз дошт, ки парчамдории халқи тоҷик таърихи қадима дошта, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифодагари давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи нек шинохта шудааст ва дар зери ливои худ миллати тоҷикро муттаҳид кардааст.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, марказҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин, ҳаваскорон аз муассисаҳои таҳсилотии томактабӣ бо саҳнаҳои ҷолиб, оҳангу таронаҳои таранумгари васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, ваҳдату дӯстӣ ва зебогиҳои диёр, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.

