Таърихи 27 ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 44-и Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 январи соли 2025, № АП-713 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҷамъбасти озмуни ҷуҳуриявии “Ҳунарманди сол 2025” баргузор гардид.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол 2025” намунаҳои дастранҷи ҳунармандони соҳибзавқ аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳунари нонпазӣ, гулдӯзӣ, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ғолибони озмуни “Ҳунармандони сол 2025” аз руи номинатсияҳои “Нонпазӣ”, “Чакандӯзӣ”, “Атласбофӣ”, “Кулолгарӣ”, “Кордсозӣ” бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сафароз гардиданд.
Ҳунармандони шаҳри Ҳисор ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ лоиқ дониста, бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

