Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

5 декабри соли равон, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор сокини шаҳраки Ҳисор, хонандаи синфи 10-уми Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобино дар шаҳри Ҳисор Шукрона Икромидинзодаро ҳамроҳ бо директори муассиса, падараш ва устодаш ба ҳузур пазируфт ва ба муносибати ғолибият дар озмуни ҷумҳуривии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” табрику таҳният гуфт.
Раиси шаҳр, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявиро намунаи олии дастгирӣ ва ғамхории бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобхону донишманд шудани қишрҳои ҷомеа, хоса ҷавонону наврасон маънидод карда, афзуд, ки имсол бо дастури сарпарасти озмун-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ дар ҳамаи номинатсияҳо 100 фоиз зиёд шуда, маблағи “Шоҳҷоиза” ба 140 000 сомонӣ расонида шуд.
Ба ғолиб “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим ва ба падару модари Шукрона, роҳбари муассиса ва устоди Шукрона изҳори сипосу минатдорӣ карда, заҳмати онҳоро дар таълиму тарбия, меҳнатдӯсту ватандӯст ба воя расидан ва ташаккули шахсияти фарзандон арзишманд баҳогузорӣ намуд.
Аз таҳсилу шароити зиндагии Шукрона дар мактаб ва оила пурсиш намуд ва иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таҳсил дар мактаб-интернат пайваста дастгирӣ менамояд ва оянда барои соҳибкасб шудану ба кори мувофиқ таъмин гардидани ӯ, мусоидат хоҳад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Шукрона Икромидинзода имсол дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) ғолиби ҷойи сеюм гардида, бо ҷоиза ва “Диплом”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” қадршиносӣ шудааст.