8 декабри соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо ноибони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ, ба раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Ҷоми миллатҳо, бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё ва Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор “Сипоснома” ва туҳфаи Федератсияи Футболи Тоҷикистонро тақдим намуданд .
Зимни сӯҳбат, инчунин масъалаи рушди футбол дар шаҳри Ҳисор дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи шаҳр бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки бо дастгириву мусоидати Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳр варзишгоҳи марказии шаҳр ва варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр мутобиқ ба талаботи муосир таъмиру тармим гардида, ҳамчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, дар маҳаллаву деҳот даҳҳо майдону толорҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр 4 нурафкани пуриқтидор ва тахтаи электронии андозааш 4Х6м насб гардида, инчунин ҳуҷраву утоқҳои зарурии варзишгоҳ таъмир ва бо шароити лозима муҷаҳҳазу мутобиқ гардонида шуд.
Соли 2025 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, барои рушди футбол ва дарёфти чеҳраҳои нав дар ин намуди варзиш ҷоизаи раиси шаҳр таъсис ёфта, бо ташаббуси мақомот, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дастгоҳи ҷамоатҳо мусобиқаи шаҳрӣ бо усули “Деҳа ба деҳа”, инчунин байни муассисаву ташкилот ва корхонаҳо баргузор карда, ғолибон бо “Диплом”, туҳфаю ҷоизаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.
Меҳмонон аз дастгирии Клуби футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, фаъолият ва дастовардҳои даста дар лигаи якуми футболи мамлакат дар соли 2025 бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, итминон намуданд, ки барои рушди футбол дар шаҳр имкониятҳо зиёданд ва дастаи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор ва дигар дастаҳои мавҷуда, метавонанд минбаъд низ, шаҳрро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он шоиста муаррифӣ намоянд.


